Январ 17, 2022 10:48 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди боздошти 3 коргари муҳоҷири тоҷик дар вилояти Иркутск

Додгоҳи вилояти Иркутск, дар минтақаи Сибири Русия муддати боздошти 3 коргари муҳоҷири тоҷикро 4 моҳ тамдид кард.

Ба гузориши сомомаи ТОП ТҶ, иттиҳоми ин афрод мушорикат дар низои ҷамъӣ ва оташ задани маҳалли хоби коргарони муҳоҷир унвон мешавад, ки сабаби ҷон бохтани ду шаҳрванди Тоҷикистон шудааст.

Алишер Ширинов, раиси Созмони коргарони муҳоҷири тоҷик дар вилояти Иркутски Русия гуфт, се коргари тоҷик дар ин ҳодиса нақше надоранд ва 4 вакили рус дифоъ аз ҳуқуқи ононро бар уҳда доранд.

Вай афзуд, зеро полис ва мақомоти қазоии ин минтақа бидуни далел тоҷикҳоро муттаҳам карданд.

Алишер Ширинов афзуд, ҳарчанд, ки пас аз эътирози Созмони коргарони муҳоҷири тоҷик дар вилояти Иркутск ду сокини маҳаллӣ ва як корманди полис низ боздошт шудаанд.

Дар натиҷа низои миёни сокинони бумӣ ва теъдоде аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Иркутск дар 12 ноябри соли 2021 маҳалли сукунати  коргарон дучори оташсӯзӣ шуд ва ду шаҳрванди тоҷик ҷон бохтанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп