Дурахшиши синамогари тоҷик дар Ҷашнвораи байналмилалии филми Голливуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i79904-Дурахшиши_синамогари_тоҷик_дар_Ҷашнвораи_байналмилалии_филми_Голливуд
Ҳунарманди тоҷик барандаи ҷоизаи «Беҳтарин кори коргардонӣ»-и Ҷашнвораи байналмилалии филми Голливуд шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 18, 2022 10:49 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши синамогари тоҷик дар Ҷашнвораи байналмилалии филми Голливуд

Ҳунарманди тоҷик барандаи ҷоизаи «Беҳтарин кори коргардонӣ»-и Ҷашнвораи байналмилалии филми Голливуд шуд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, филми коргардони тоҷик Фирдавс Ниёзов таҳти унвони «Қатли рӯбоҳ»  дар Фестивали байналмилалии Голливуд («Hollywood Gold Awards») сазовори ҷоизаи «Беҳтарин кори коргардонӣ» гардид.

Ба гуфти коргардон, филми мазкур дар Кинофестивали «8 and HalFilm Awards» дар Италия низ сазовори ҷоизаи «Беҳтарин кори коргардонӣ» гардида буд.

Филми мазкур бо дастгирии  директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Носир Саид ва коргардон Фирдавс Ниёзов моҳҳои сентябр-ноябри соли 2020 рӯи навор омадааст.

Ба гуфтаи вай, рӯзҳои наздик филми «Қатли рӯбоҳ» дар кинотеатрҳои Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешавад.