Номи навҷавони варзишкори тоҷик дар китоби рекордҳои Гиннес
Январ 18, 2022 16:03 Asia/Dushanbe
Навҷавони тоҷики номи худро дар китоби рекордҳои Гиннес сабт кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Имомҳусайн Умаров, навҷавони 11 солаи тоҷик тавонист бидуни танаффус 5200 ҳаракати варзишии болофишорӣ анҷом диҳад .
Аммо Имомҳусайн Умаров ин рекордро дар бошгоҳи варзишии Ошурмуҳаммадов ва бо ҳузури мураббии худ сабт кард .
Ризвон Ошурмуҳаммадов, мудири ин бошгоҳ гуфт : Умаров тавонист 5200 ҳаракати болофишориро бидуни танаффус дар чаҳор соъат анҷом диҳад .
Пеш аз ин Рамазон Раҳимзода-вазири дохилаи Тоҷикистон аз талошҳои ин варзишкори навҷавони тоҷик қадрдонӣ карда буд.
Барчасп