Калиди мушкили оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон дар дасти бахши хусусӣ
Раиси Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон танҳо роҳҳалли мушкили таъмини оби ошомидании солим дар ин кишварро вогузории ин умур ба бахши хусусӣ унвон кардааст.
Ба иттилои сайти Азия-Плюс, масъулони Ширкати обу корези Душанбе ахиран гуфтаанд, таъмини оби ошомидании солим барои мардуми Тоҷикистон ба 80 сол замон ва 2 миллиард доллар сармоя ниёз дорад.
Баҳодур Ҳабибов, раиси Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон дар вокуниш ба ин изҳорот гуфтааст, ки танҳо роҳҳалли сареи ин мушкил вогузории ин умур ба бахши хусусӣ аст.
Ҳабибов муътақид аст, ки бар асоси ин муҳосибот дар Тоҷикистон бояд солона 25 миллион доллар барои ҳалли мушкили таъмини оби ошомидании солим сармоягузорӣ шавад, ки дар 80 сол ба 2 миллиард доллар хоҳад расид.
Ба гуфтаи раиси Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон, агар ҳар тоҷик соле 3 доллар барои ин кор ихтисос диҳад, ин барнома пас аз 80 сол амалӣ хоҳад шуд дар ҳоле, ки дар сурати вогузории ин умур ба бахши хусусӣ ва бар асоси таҷоруби соири кишварҳо аз ҷумла Арманистон, метавон ин мушкилро дар солҳои пешорӯ ҳал кард.
Ҳабибов афзуд: Дафтари намояндагии барномаи рушди Созмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон тарҳи ҷомеи ҳалли мушкили таъмини оби ошомидании солимро тадвин ва ироя кардааст, ки дар сурати вуҷуди иродаи лозим метавон бо ҳамкории бахши хусусӣ ба ин буҳрон поён дод.