Баррасиии роҳҳои густариши сармоягузории Украина дар иқтисоди Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Киев дар дидор бо мудири ширкати ҳамкории байналмилалии Украина роҳкорҳои тақвияти ҳамкории иқтисодиро баррасӣ карданд.
Ба гузориши сомонаи “Тоҷ Вик”, дар ин дидор Давлаталӣ Назризода ва Евгений Козик роҷеъ ба вазъи феълии муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Украина ва густариши равобити иқтисодиву тиҷорӣ, омӯзишӣ, дармонӣ ва башардӯстона баҳсу табодули назар карданд.
Назризода аз ҷониби Украина хост, барои сармоягузорӣ дар сохти нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон иқдом кунад.
Мудири ширкати ҳамкории байналмилалии Украина низ эълом кард, тарҳҳои пешниҳодии тарафи Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.
Бар асоси гузориши Агентии давлатии омори Тоҷикистон, арзиши муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Украина тайи 10 моҳи соли гузаштаи мелодӣ 23 миллиону 700 ҳазор доллар буд.