Ҳушдори Созмони ҳавопаймоии Тоҷикистон ба гаронии билет дар парвозҳо ба Русия
Созмони ҳавопаймоии Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва Русия ҳушдор дод, ки нархи билетҳоро кам кунанд, зеро дар ғайри ин сурат бо онҳо бархурд хоҳад шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, дар нишасти мақомоти ин созмон бо намояндагони 4 ширкати ҳавопаймоии Русия ва ширкати Сомон Эйри Тоҷикистон таъкид шуда аст, ки бояд барои коҳиши нархи билети ҳавопаймо иқдом кунанд ва дар парвозҳои рафту баргашт ин нарх набояд аз 500 доллар бештар шавад.
Ин дар ҳоле аст, ки агар дар декабри соли 2021 қимати билети ҳавопаймоӣ барои ҳар мусофир дар масири Тоҷикистон ба Русия 2 ҳазору 400 сомонӣ буд, акнун ин мизон ба 7 ҳазору 200 сомонӣ расида аст, аммо намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии Русия мегӯянд, ки иллати қиматии билети ҳавопаймо боло будани нархи хадамот дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон аст, ки дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба маротиб бештар мебошад.
Масулони ин ширкатҳо далили дигар афзоиши нархи билет дар парвозҳои муназзами ҳафтаиро афзоиши тақозо барои парвоз аз Тоҷикистон ба Русия ва қиматии сухт унвон мекунанд.