Ҷарима шудани ширкати ҳавопаймоии "Сибир" - и Русия
(last modified Thu, 20 Jan 2022 08:41:24 GMT )
Январ 20, 2022 13:41 Asia/Dushanbe
  • Ҷарима шудани ширкати ҳавопаймоии

Ширкати ҳавопаймоии "Сибир" - и Русия ба далели интиқоли мусофирон бидуни ташхиси озмоиши корона ҷарима шуд.

Ба гузориши сомонаи "ТоҷВик", додгоҳе дар вилояти Нижний Новгороди Русия бар асоси шикояти Созмони ғазо ва доруи ин минтақа, ширкати ҳавопаймоии "Сибир" - ро ба иттиҳоми интиқоли мусофирони тоҷик аз шаҳри Душанбе ба Русия бидуни доштани озмоиши манфии корона 20 ҳазор рубл ҷарима кард.

Гуфта мешавад, мудирияти ширкати ҳавопаймоии "Сибир" ба ин ҳукм эътироз ва ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят кардааст.

Аммо ин додгоҳ низ ҳукми содираро бидуни тағйир таъйид кард.

Дар ҳукми додгоҳ, савор кардани мусофирони тоҷик бидуни ироаи корти озмоиши манфии корона ба унвони ба хатар андохтани саломатии дигар мусофирон ва нақзи муқарароти парвоз арзёбӣ шудааст.