Муваффақияти нависандаи тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i80066-Муваффақияти_нависандаи_тоҷик_дар_арсаи_байналмиллалӣ
Нависандаи тоҷик барандаи ҷоизаи “ Нависандаи тиллои ҷаҳон ” шуд .
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Январ 20, 2022 16:58 Asia/Dushanbe
  • Муваффақияти нависандаи тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ

Нависандаи тоҷик барандаи ҷоизаи “ Нависандаи тиллои ҷаҳон ” шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Абдулқаҳҳор Қосимӣ- нависандаи тоҷик, раиси муштараки Шӯрои адабии маҷмаъи халқҳои Авруосиё ҷоизаиНависандаи тиллои ҷаҳон ”-ро касб кард .
Ин ҷоизаро як созмони ғайридавлатии байналмиллалии муташаккил аз да кишвари Амрико, Олмон, Британия, Фаронса, Италия, Испания,Украина, Чин, Ҳинд ва Ҷопон эҳдо мекунад .
Барои дарёфти ин ҷоиза боистеъдодтарин, машҳуртарин ва муваффақтарин нависандагони ҷаҳон муаррифӣ мешаванд, ки дар осорашон инсоният, сулҳ, субот, хубӣ ва адолатро тарвиҷ мекунанд.
Осори Абдулқаҳҳори Қосим ба забонҳои англисӣ, испанияӣ, чинӣ, полшавӣ, фаронсавӣлмонӣкраинӣ,сербӣ, ҳиндӣ, банголӣепалӣ, руминияӣ,португалӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ, туркманӣ ва қирғизӣ тарҷума шудааст .