Муваффақияти нависандаи тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ
Нависандаи тоҷик барандаи ҷоизаи “ Нависандаи тиллои ҷаҳон ” шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Абдулқаҳҳор Қосимӣ- нависандаи тоҷик, раиси муштараки Шӯрои адабии маҷмаъи халқҳои Авруосиё ҷоизаи “ Нависандаи тиллои ҷаҳон ”-ро касб кард .
Ин ҷоизаро як созмони ғайридавлатии байналмиллалии муташаккил аз да кишвари Амрико, Олмон, Британия, Фаронса, Италия, Испания,Украина, Чин, Ҳинд ва Ҷопон эҳдо мекунад .
Барои дарёфти ин ҷоиза боистеъдодтарин, машҳуртарин ва муваффақтарин нависандагони ҷаҳон муаррифӣ мешаванд, ки дар осорашон инсоният, сулҳ, субот, хубӣ ва адолатро тарвиҷ мекунанд.
Осори Абдулқаҳҳори Қосим ба забонҳои англисӣ, испанияӣ, чинӣ, полшавӣ, фаронсавӣ,олмонӣ,украинӣ,сербӣ, ҳиндӣ, банголӣ,непалӣ, руминияӣ,португалӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ, туркманӣ ва қирғизӣ тарҷума шудааст .