Имзои созишнома миёни Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё
Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё ҷиҳати беҳтар кардани роҳи иртиботии миёни Душанбе ва Қӯрғонтеппа созишномаи молӣ имзо карданд.
Барои амалӣ шудани ин тарҳ Бонки Рушди Осиё 49.4 млн. долларро ҳамчун қарзи имтиёзнок ва 15,8 миллион долларро чун кӯмаки молӣ дар ихтиёри Тоҷикистон хоҳад гузошт. Ҳамчунин гуфта мешавад, дар доираи Барномаҳои шарикӣ дар робита ба сармоягузории энержии тоза аз ҳисоби Бунёди энержии тоза БРО идораи кӯмаки молии 2-миллиондоллариро ба уҳда мегирад.
ба навиштаи сойти toptj, ҳукумати Тоҷикистон ба маблағгузории 17,2 миллион доллар ва ОПЕК бо додани 12 миллион доллар қарз ба ҷониби Тоҷикистон аз шарикони БРО дар амалӣ кардани ин тарҳ ба шумор мераванд. Муҷрии тарҳи мазкур, ки қарор аст, то соли 2021 амалӣ гардад, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мебошад.
Қаблан гуфта мешуд, қисмати аввали лоиҳа беҳбуд бахшидани 33 километр роҳро, аз Душанбе то Чашмасорон дар бар мегирад. Дар доира ин лоиҳа роҳ ба чаҳор хати ҳаракат васеъ шуда, пӯшиши ҷода беҳтар ва ҳамчунин васоити бехтарии ҳаракат дар роҳ насб мегардад. Васоили рӯшноидиҳанда ва вуҷуди системаи захираи нерӯи барқ аз тариқи панелҳои офтобӣ дигаре аз бартариятҳои ин роҳ хоҳад буд.
Коршиносони бонк ба ин назаранд, ки лоиҳаи мазкур ба сокинони Душанбе ва вилояти Хатлон фоидаи мустақиме, назири дастрасӣ ба ҷойи кор, бозор, хадамоти ҷамъиятӣ оварда, ҳамчунин хатари тасодуф дар роҳро коҳиш медиҳад.
Гузашта аз ин лоиҳаи мазкур барои боз кардани коридори иқтисодӣ миёни Душанбе ва Афғонистон мусоидат мекунад.
Роҳи мазкур қисме аз роҳҳои иртиботии стратегӣ миёни шимол ва ҷануб буда, яке аз роҳҳоест, ки рафтуомад дар он нисбатан зиёд аст ва он шомили қисме аз коридори барномаи ҳамкории иқтисодии минтақаии Осиёи Марказӣ мебошад.