Дархости Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода аз тамоми зарфиятҳои тавлидии ширкати ТАЛКО
(last modified Fri, 21 Jan 2022 11:46:41 GMT )
Январ 21, 2022 16:46 Asia/Dushanbe
  • Дархости Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода аз тамоми зарфиятҳои тавлидии ширкати ТАЛКО

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дод, ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) бо тамоми зарфият фаъолият кунад.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар пайи коҳиши тавлиди аввалияи алюминий, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори баҳрабардорӣ аз тамоми бахшҳои тавлидии ширкати TALCO бо зарфияти комил шуд.

Тибқи омор, дар соли 2021 мизони тавлиди алюминии ширкати ТАЛКО 23. 5 ҳазор тон, муодили 28 дарсад коҳиш ёфт.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ба вазири саноат ва фанновариҳои навин ва мудирияти ширкати алюминии Тоҷикистон дастур дод то барои бакоргирӣ аз тамоми зарфиятҳои тавлидии ТАЛКО иқдом кунанд.

Ширкати алюминии тоҷик ё ТАЛКО дар шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон, бузургтарин корхонаи тавлиди алюминий дар Осиёи Марказӣ аст.

Сохти ин корхона аз 1972 оғоз ва нахустин рехтагарии алюминий дар 31 марти 1975 анҷом шуд.

8 ҳазор нафар дар корхонаи ТАЛКО кор мекунанд.

Зарфияти тавлиди корхонаи алюминии Тоҷикистон 503 ҳазор тон дар сол аст.