Январ 21, 2022 18:11 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии раиси муваққати Шӯрои олимпии Осиё ба Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси муваққати Шӯрои олимпии Осиё интихоби муҷаддади Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба симати раиси Кумитаи миллии олимпӣ табрик гуфт.

Ба гузориши “Ховар”, Раҷа Рандхир Сингҳ, раиси муваққати Шӯрои олимпии Осиё интихоби муҷаддади Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба симати раиси Кумитаи миллии олимпии ин кишвар табрик гуфт.

Дар паёми табрикии раиси муваққати Шӯрои олимпии Осиё ба Эмомалӣ Раҳмон омадааст:

Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, интихоби муҷаддади Шуморо ба унвони раиси миллии олимпии Тоҷикистон барои солҳои 2022 - 2024 самимона табрик мегӯям.

Итминон дорам, ки интихоби Шумо ба ин симат барои иртиқову тавсеаи бештари Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аҳамияти зиёде хоҳад дошт.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон шарики бузурги Шӯрои олимпии Осиё аст ва ман итминон дорам, ки интихоби муҷаддади Шумо дар ин симат ин дӯстиро бештар тақвият хоҳад кард.

Барои Шумо дар фаъолият дар ин симат орзӯи муваффақият дорам ва ба Шумо ҳимояту дӯстии мустамари Шӯрои олимпии Осиёро ваъда медиҳам”.

 

Барчасп