Озод шудани шаҳрванди Тоҷикистон аз боздоштгоҳи полиси Маскав
(last modified Mon, 24 Jan 2022 07:11:19 GMT )
Январ 24, 2022 12:11 Asia/Dushanbe
  • Озод шудани шаҳрванди Тоҷикистон аз боздоштгоҳи полиси Маскав

Полиси Маскав шаҳрванди тоҷики муттаҳам ба мушорикат дар дуздиро озод кардааст.

Ба гузориши сомонаи РИА – Новости, қаблан полиси Маскав ин шаҳрванди 25 солаи Тоҷикистонро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ду нафари дигар дар дуздии 100 миллион рубл аз манзили ҳамсари яке аз навозандаҳои машҳури рус боздошт карда буд.

Аммо ин шаҳрванди Тоҷикистон собит кард, ки дар ин дуздӣ ширкат накардаву телефони ҳамроҳи вай низ дар дасти яке аз бастагонаш будааст.

Аз ин рӯ, полиси Маскав вайро ба шарти хориҷ нашудан аз пойтхти Русия озод кард.

Мақомоти полис муътақиданд, ки 3 дузд барои дуздии амволи ҳамсари ин навозандаи рус бо тарроҳии тасодуфи сохтагӣ вайро ба зӯр ва таҳдид ба хонааш бурдаанд ва пас аз дуздии амвол фирор кардаанд.

Дар ин иртибот фарде, ки дар хонаи ин навозандаи рус ба унвони хидматгор фаъолият мекард, ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо дуздон боздошт шудааст.