Январ 25, 2022 12:44 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикон дар теъдоди издивоҷ ва қабули фарзандхондагӣ рекорд шикастанд

Идораи сабти аҳволи вилояти Владимири Русия эълом кард, тоҷикон бештарин омори издивоҷ ва мизони фарзандхондагиро дар миёни соири атбоъи хориҷӣ дар соли 2021 доштанд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, дар соли 2021 тоҷикҳо бо 186 рус издивоҷ кардаанд ва 85 кӯдакро низ ба фарзандхондагӣ қабул карданд.

Ҳамчунин дар соли 2021 дар хонаводаҳои коргарони муҳоҷири тоҷики муқими ин минтақа, 138 кудак мутаваллид шуда, ки болотарин мизони таваллуд дар миёни атбои хориҷӣ аст.

Гуфта мешавад, ки дар ин минтақаи Русия барои коргарони муҳоҷири тоҷик, ки дар бахши кишоварзӣ фаъолият мекунанд, имтиёзоти зиёде назири таъмини манозили истиқоматӣ, замин, мошинолоти кишоварзӣ, нируҳои минералӣ, пардохти ҳазинаи сафар аз Тоҷикистон ва эътои тобеият тайи се моҳ дар назар гирифта шудааст.

 

Барчасп