Январ 25, 2022 13:19 Asia/Dushanbe
  • Пайгирии иллати кушта шудани ронандаи таксии тоҷик дар Русия

Мақомоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия эълом карданд, ҳодисаи кушта шудани ронандаи таксии тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербургро пайгирӣ мекунанд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, мақомоти ин сафоратхона гуфтанд, аз Додситонии кулли Русия дархост кардаанд, ки иллати қатли Давлатов Эмомалӣ шаҳрванди 26 солаи Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Санкт-Петербургро бо ҷиддият пайгирӣ кунад.

Гуфта мешавад, ки вай як моҳ қабл аз Тоҷикистон ба Санкт-Петербург омад ва дар ин шаҳр ба унвони ронандаи таксӣ фаъолият мекард, аммо чанд рӯз қабл ҷасадаш бо осори зарботи кор дар фурудгоҳ пайдо шуд.

Мақомоти полиси Санкт Петербург ҳам гуфтанд, бо баррасии тасовири дурбинҳои фурудгоҳ мушаххас шуд, миёни ин шаҳрванди Тоҷикистон ва 3 мусофир мушоҷира рух дода, ки мӯҷиби қатли Эмомалӣ Давлатов шудааст.

 

Барчасп