Январ 26, 2022 11:08 Asia/Dushanbe
  • Э.Раҳмон равобити Тоҷикистон ва Чинро роҳбурдӣ донист

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нахустин нишасти маҷозии Осиёи Марказӣ - Чин ширкат ва суханронӣ кард.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, ин нишаст ба ибтикори Си Ҷин Пинг, раиси ҷумҳурии Чин ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин бо ҳузури сарони 5 кишвари минтақа баргузор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар арзёбии равобити се даҳаи гузашта, ин муносиботро роҳбурдӣ унвон кард ва хостори густариш ҳарчӣ бештари муносиботи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Чин дар замининаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл, энержӣ, амниятӣ ва дифоӣ шуд.

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар ин нишаст дар бораи авзои Афғонистон, зарурати кумак ба мардуми ин кишвар, тақвияти ҳамкорӣ дар чорчӯби Созмони Шанхай, лузуми мубориза бо авомили таҳдидкунандаи амнияти минтақа, терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир баҳс ва табодули назар карданд.

 

 

 

 

 

Барчасп