Таъйин ва барканории бархе аз мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири кишорварзиро аз вазифааш барканор ва ба симати муовини сарвазир таъйин кард.
Ба гузориши Дафтари матбуоти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар асоси фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 26 январи соли ҷорӣ имзо шуд, Сулаймон Зиёзода аз вазифаи вазири кишоварзӣ барканор ва ба вазифаи муовини сарвазир таъйин шуд.
Ҳамчунин Самад Каримзода, ки муовини вазири кишоварзӣ буд, ба вазифаи вазири кишорвазӣ таъйин шуд
Дар идомаи ин тағйирот Раъно Ҳошимзода ба вазифаи раиси шаҳри Гулистон, Мавсума Муинӣ ба вазифаи раиси шаҳри Бустон, Қаюм Муҳаммадзода ба вазифаи раиси шаҳри Истиқлол ва Шуҳрат Муҳаммадзода ба вазифаи раиси ноҳияи Ашт дар вилояти Суғд таъйин шуданд.
Зариф Мирдодо ва Даврон Зоҳидзода низ ба унвони муовини ҷадиди раиси вилояти Суғд фаъолият хоҳанд кард.