Январ 27, 2022 15:33 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳодисаи ҷон додани 6 коргари муҳоҷири тоҷик дар Русия

Мақомоти Сафорати Тоҷикистон дар Русия эълом карданд, кормандони ин ниҳод барои баррасии ҳодисаи ҷон додани 6 коргари муҳоҷири тоҷик ба шаҳри Волгоград рафтанд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, мақомоти ин сафоратхона гуфтанд, ки акнун кормандони ин ниҳод ва дафтари намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон барои баррасии ин ҳодиса дар вилояти Волгоград ба сар мебаранд.

Манобеи Додситонии Русия эълом карданд, ки иллати ҷон додани ин 6 коргари тоҷик танаффуси газҳо аз дастгоҳи генератори барқ дар дохили гулхона будааст, ки яке дигар аз коргарони тоҷик акнун дар бемористон таҳти дармон қарор дорад.

Ин мақомот мегӯянд, ки зидди корфармои рус ба иттиҳоми риоят накардани муқаррароти эминӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.

 

Барчасп