Эъломи номҳои 6 шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистон дар Русия
Номҳои 6 шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистон дар Русия эълом шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин 6 муҳоҷири тоҷик бар асари заҳролудшавӣ аз газ дар вилояти Волгогради Русия ҷон бохтанд.
Онҳо мутаваллиди ноҳияҳои Ҷайҳуну Бохтар дар вилояти Хатлони Тоҷикистон буданду байни 20 то 37 сол син доштанд .
Қобилҷон Файзиддинов,Қосимҷон Файзиддинов, Нуриддин Файзиддинов, Сайидакрам Кабутов, Идибек Саломов ва Муҳаммадҷони Раҳмоналӣ 6 нафар тоҷике ҳастанд, ки дар ин ҳодис фавт карданд.
Сайидаҳмад Маҳмудов, раиси Анҷумани тоҷикони Волгоград гуфт : Муҳоҷирони тоҷик дар гулхонае дар шаҳри Рахинко кор мекарданд ва ин ҳодиса дар шаби 25 - 26 январ рух дод .
Вай гуфт : Газ хуруҷ кардааст ва яке аз муҳоҷирон қасд дошт аробаро аз гулхона берун биоварад, ки хафа шудааст. Як муҳоҷири дигар ба дидани ӯ омада заҳролуд шудааст ва дигар шариконашон низ вориди гулхона ва хафа шуданд . "
Ба гуфтаи Маҳмудов нафари ҳафтум зинда монд ва дар ҳоли ҳозир дар бемористон бистарӣ аст .
Мақомоти Русия мегӯянд, ки таҳқиқотеро дар мавриди марги шаш муҳоҷири тоҷик оғоз кардаанд .
Ба гуфтаи онҳо шаҳрвандони тоҷик ба сурати қонунӣ кор мекарданд, аммо " аз стандартҳои эинӣ дар гулхона пайравӣ намекарданд . "
Русия мизбони аслии муҳоҷирони коргари Тоҷикистон аст .
Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистони теъдоди муҳоҷирон дар Русияро камтар аз ним миллион нафар эълом карданд, мақомоти русӣ ин рақамро беш аз як миллион нафар медонанд .