Нигаронии вазорати умури хориҷаи Русия аз даргирии ахири мазрӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i80530
Вазорати умури хорҷаи Русия аз даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ибрози нигаронӣ ва тарафҳоро ба хештандорӣ даъват кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 29, 2022 13:53 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии вазорати умури хориҷаи Русия аз даргирии ахири мазрӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Вазорати умури хорҷаи Русия аз даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ибрози нигаронӣ ва тарафҳоро ба хештандорӣ даъват кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, дар баёнияи ин вазорат таъкид шудааст, ки Русия бо ибрози нигаронӣ аз даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки мӯҷиби кушта ва захмӣ шудани низомиён ва сокинони ғайринизомӣ гардид ,аз барқарории оташбасу коҳиши нерӯҳои низомӣ дар минтақаи мавриди муноқиша истиқбол мекунад.

Вазорати умури хориҷаи Русия ҳамчунин аз мавзеи Станислав Зас, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки хостори барқарории оташбасу ҳалли мушкилот аз роҳи музокироти сиёсӣ шудааст, ҳимоят мекунад.

Бар асари даргирии шомгоҳи 27 январ дар марзи ноҳияи Исфараи Тоҷикистону Ботканди Қирғизистон 2 шаҳрванди тоҷик кушта ва 10 низомӣ ва сокинони ғайринизомии ин минтақа захмӣ шуданд.

Тарафи Қирғизистон муддаист, ки 11 низомии ин кишвар дар ин даргирӣ, захмӣ шудаанд.

Марзҳои заминии ду кишвари пас аз даргирии рӯзҳои 28 ва 29 аврели соли 2021 ҳамчунон баста боқӣ мемонад .

Бештар бихонед :