Эҳтимоли ихроҷи ширкаткунандагони тоҷик дар даргирии гурӯҳии ахир аз Русия
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав эълом кард, ки теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар даргирии гурӯҳии ахир даи пойтахти Русия ширкат кардаанд, ба эҳтимоли зиёд аз ин кишвар ихроҷ хоҳанд шуд.
Ба гузориши сомонаи Спутник, мақомоти ин сафорат гуфтаанд, ки дар даргирии гурӯҳии ахир дар Маскав бо 65 нафар, ки 15 тани онони шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ширкат кардаанд, ки ба эҳтимоли зиёд ҳукми ихроҷи онон аз Русия содир хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки иллати ин даргирӣ хусӯмат шахсӣ буда, ки баъдан ба низои гурӯҳӣ табдил шуда ва полиси Маскав 65 нафарро ба иттиҳоми даст доштан дар ин ҳодиса боздошт кардааст.
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз мақомоти додситонии Русия хостааст, ки ин моҷаро мунсифона таҳқиқ шавад ва дар сурати ниёз шаҳрвандони боздоштшудаи тоҷик дар ин низоъ бо вакилони мудофеъ таъмин хоҳанд шуд.
Ҳамчунин аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия дархост шуда, ки бо мурооти қавонини кору муҳоҷирати ин кишвар даст аз хушунат ва даргириҳои қавмӣ бардоранд.