"Хонаҳои баландошёна" монеи суръати интернет
Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон яке аз далелҳои кунд будани суръати интернет дар ин кишварро вуҷуди биноҳои баланд унвон кардаанд, ки муҷиби ихлол дар фаъолияти ширкатҳои хадамоти интерентӣ мешавад.
Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, ин матлаб дар нишасти хабарии масъулони ин хадамот дар Душанбе унвон шуд ва онон таъйид карданд, ки аз тамомии манотиқи Тоҷикистон шикоёте дар бораи кунд будани суръати интернет дарёфт мешавад.
Ба гуфтаи онон суръати интернети телефони ҳамроҳ низ дар Тоҷикистон заъиф аст, ки ба авомиле ҳамчун камбуди барқ, набуд генераторҳои тавлиди барқ ва нокофӣ будани таҷҳизот бармегардад.
Масъулони Хадамоти алоқа мегӯянд, ки дар ин авохир барои афзоиши суръати интернет талош кардаанд, аз 70гиг/с-и қаблӣ то ба 100гиг/с расидааст.
Қобили зикр аст, ки дар радабандии нави Speedtest Global Index, ки суръати интернети мобилиро дар 138 кишвари ҷаҳон таҳқиқ кардааст, дида мешавад, ки Тоҷикистон бо суръати 7,57 мегабит дар сония (Mbps) ва боргирӣ (скачивание) - 4.07 Мб/с дар мавқеи 134-ум миёни ин кишварҳо ҷой гирифтааст.
Бештар бихонед: