Феврал 01, 2022 18:33 Asia/Dushanbe
  • 36 миллон доллар арзиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар соли 2021

Муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон гуфт: Соли гузашта 208 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ содир шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Сдаои Хуросон ба нақл аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ, афзуд: Ин мизон нисбат ба соли 2019 ҳудуди 79 ҳазор тонна бештар аст.

Ӯ таъкид кард ин мизони афзоиш ба далели бештар шудани фуруши пиёз 6 ҳазор тонна, хушкбор 25 ҳазор тонна ва мева ва ангур 43.3 ҳазор тонна будааст.

Ба гуфтаи Анварӣ, ҳамчунин дар соли гузашта Тоҷикистон як ҳазору 702 дастгоҳ анвоъи таҷҳизоти кишоварзӣ ворид карда аст.

Тибқи суханони муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 27 ҳазору 590 дастгоҳ таҷҳизоти кишоварзӣ аз ҷумла ҳазору 616 дастгоҳ трактор дар кишвар вуҷуд дорад.

 

Барчасп