Феврал 02, 2022 15:43 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши размикори тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ

Варзишкори тоҷик дар риштаи ҳунарҳои размии таркибӣ қаҳрамони ҷаҳон шуд.

Ба гузориши “Ховар”, Асадбек Маннонов дар вазни 120 килограм дар ин мусобиқот ба қаҳрамонӣ даст ёфт.

Ӯ дар ниманиҳоӣ Дмитрий Бобоев аз Русия ва дар мусобиқаи ниҳоӣ Микита Сибуля аз Украинро шикаст дод.

Маннонов аввалин варзишкори тоҷик аст, ки ба ин унвон даст ёфтааст.

Ба гуфтаи Маннонов, дигар тоҷикҳое, ки дар ин мусобиқот ширкат карданд, низ натоиҷи хубе аз худ нишон доданд.

Ин варзишкор гуфт: “Ин як пирӯзӣ барои кишвар, хонавода ва худи ман аст”.

Беҳрӯз Хуршедзода дар вазни 70 килограм, Қосим Сардоров дар вазни 77 килограм ва Ҷовидон Маҳмудов дар вазни 77 килограм низ ба нишони нуқраи ин рақобатҳо даст ёфтанд.

Нишонҳои биринҷиро ҳам Ёқубҷон Сафаров, Муҳаммад Салоҳиддинов ва Бахтиёр Ҳусейнов ба даст оварданд.

 

Барчасп