Мушаххас шудани 81 километр аз марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2021
(last modified Sat, 05 Feb 2022 07:38:25 GMT )
Феврал 05, 2022 12:38 Asia/Dushanbe
  • Мушаххас шудани 81 километр аз марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2021

Раиси Кумитаи давлатии мудирияти замин ва нақшабардории Тоҷикистон аз мушахас шудани 81 километр аз марзи ин кишвар ва Қирғизистон дар соли 2021 хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, "Аз 1 майи соли 2021 Тоҷикистон ва Қирғизистон 8 ҷаласаи комиссияи топографиро оид ба дақиқ кардани марз баргузор карда, 81 километри сарҳадро мушаххас кардаанд. Аз октябри соли 2021 кори комиссия бо баъзе сабабҳо мутаваққиф шуда буд, аммо ба зудӣ бояд кораш аз сар гирифта шавад".

Ба гуфтаи Хоҷазода, аз 970 километри марз бо Қирғизистон 519 километраш мушаххас шудааст.

Вай изҳор дошт, ки қитъаи роҳи дарозиаш 275 метр, ки дар атрофи он бо Қирғизистон баҳсҳо дорад, бешак аз они Тоҷикистон аст.

Дар ин қитъаи роҳ шаҳракҳои тоҷикони Хоҷаи Аъло ва Сомониён, инчунин деҳаҳои қирғизҳои Коктош ва Ортабоз ҷойгир шудаанд.

Ҳангоми даргириҳои марзӣ ҷонибҳо аксар вақт ин қитъаи роҳро мебанданд.

27 январи даргирӣ дар марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, ки мунҷар ба кушта шудани ду сокини ноҳияи Исфара ва захмӣ шудани 10 нафар гардид, ки 6 тан аз онон низомӣ мебошанд.

Тарафи қирғизистонӣ эълом кард, ки бар асари ин ҳодиса 14 низомии ин кишвар захмӣ шудаанд.