Феврал 05, 2022 15:14 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон бар тамаркузи Тоҷикистон бар густариши мушорикати роҳбурдӣ бо Чин

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, қотеъона мутамарказ бар густариши мушорикати роҳбурдии ҷомеъ бо Чин ва ғанисозии он бо муҳтавои ҷадид ва иқдомоти амалии муҳим дар ростои манофеи мардуми ду кишвар ҳастем.

Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо расонаҳои чинӣ баргузории бозиҳои Олимпии тобистонӣ ва зимистонӣ дар Пекинро баёнгари муваффақиятҳои чашмгире донист, ки мардуми Чин ба даст овардаанд, аз ҷумла болотарин дастовардҳои варзишкорони чинӣ дар мусобиқоти байналмилалӣ аст.

Вай бо баёни ин ки бозиҳои Олимпии зимистонии Пекин бидуни шак на танҳо ба бузургтарин, мунҳасир ба фардтарин, балки ба яке аз диданитарин рӯйдодҳои варзишии солҳои ахир табдил хоҳад шуд, хотирнишон кард, баргузоркунандагони Бозиҳои олимпӣ аз назари омодасозии маконҳои варзишӣ, шароити зиндагӣ ва эминии онҳо барои ширкаткунандагони ин рӯйдоди бузурги варзишӣ тамоми талоши худро кардаанд.

Вай равобити худ ва раисиҷумҳури ин кишварро дӯстона, самимӣ ва қобили эътимод хонд ва гуфт, хушҳолам бори дигар ба даъвати дӯстам Си Ҷинпин дар пойтахти бузурги Чин қарор дорам.

Бино бар суханони раисиҷумҳури Тоҷикистон, байни ду тараф гуфтугӯи созандаи барқарор шуда, ки ҳадаф аз он тақвияти мудовими равобити дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар аст.

Вай тасреҳ кард, мо ҳамеша ба таври ошкор таъмини амнияти минтақаӣ, густариши равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона, тақвияти иртиботи ҳамлу нақл ва ҳамчунин соири ҷанбаҳои муҳими равобити дуҷонибаро баррасӣ мекунем.

Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки тайи се даҳаи гузашта, ба лутфи талошҳои муштарак, ҳамкории Тоҷикистону Чин ба тадриҷ ба сатҳи як мушорикати стротежии ҷомеъ расида ва Чин имрӯза яке аз шарикони муҳимтарини тиҷорӣ ва иқтисодии Душанбе аст.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, теъдоде аз пружаҳои зерсохтии муҳим ба таври муштарак дар заминаҳои стротежӣ монанди ҳамлу нақл, энержӣ ва санъатӣ иҷро шудааст.

Вай бо таъкид бар ин ки Тоҷикистон, аз ҷумлаи аввалин кишварҳое аст, ки аз ибтикори раисиҷумҳури Чин дар мавриди сохти муштараки «камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим» ҳимоят кард, гуфт, барои ҳамкории наздики кишварҳо дар чорчӯби тарҳи «камарбанд ва ҷода» чашмандозҳои густардае вуҷӯд дорад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар чаҳорумин даҳаи равобити байналмилалии Тоҷикистон қотеъона мутамарказ ба густариши мушорикати роҳбурдии ҷомеъ бо Чин ва  ғанисозии он бо муҳтавои ҷадиду иқдомоти амалии муҳим дар ростои манофеи мардуми ду кишвар аст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар поёни суханони худ ҷашни зебои баҳор, соли нави суннатии Чиниро ба ҳамаи мардуми ин кишвар табрик гуфту барояшони беҳрузӣ, саодати бештар ва барои Пекин дар мизбонии бозиҳои Олимпии зимистонӣ муваффақияти бузургро орзӯ кард.

Лозим ба ёдоварист, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи гузашта бо даъвати ҳамтои чинии худ ба манзури ширкат дар бозиҳои Олимпии зимистонӣ ба ин кишвар сафар кард.

 

Барчасп