Феврал 07, 2022 11:03 Asia/Dushanbe
  • Фиристодани шаҳрвандони тоҷик ба сафари ҳаҷ

Шаҳрвандони тоҷик фақат аз тариқи ду ширкат метавонанд барои анҷоми фаризаи ҳаҷ ба Арабистон сафар кунанд.

Ду ширкати Расул - Сохтмон ва Ормон муҷаввизи фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистонро ба сафари ҳаҷ доранд.

Ба гуфтаи коршиносон, кам будани теъдоди ширкатҳое, ки муҷаввизи эъзоми шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Арабистон доранд, яке аз далоили гарон шудани билети сафари ҳаҷ аст.

Аммо ба зудӣ ширкати ҷадиде муҷаввизи эъзом ба сафари ҳаҷро дарёфт хоҳад кард.

Тибқи тарофаҳо, ҳазинаи сафари ҳаҷ барои се нафар ҳудуди 85000 сомонӣ (7500 доллар) аст.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, соли 2019 беш аз 3000 нафар барои анҷоми ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар кардаанд.

Дар Тоҷикистон монанди бисёре аз кишварҳо шаҳрвандон наметавонанд ба танҳоӣ визаи зиёратиро аз Сафорати Арабистон дарёфт кунанд.

Қабл аз густариши вируси корона ҳар сол 6000 нафар аз Тоҷикистон барои анҷоми фаризаи ҳаҷ ба Арабистон сафар мекарданд.