Дидори ришсафедони манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i80884-Дидори_ришсафедони_манотиқи_марзии_Тоҷикистон_ва_Қирғизистон
Ришсафедони манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон зимни изҳори хастагӣ аз даргириҳои марзӣ, хостори гуфтугӯи самимона байни ду тараф шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 09, 2022 08:35 Asia/Dushanbe
  • Дидори ришсафедони манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Ришсафедони манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон зимни изҳори хастагӣ аз даргириҳои марзӣ, хостори гуфтугӯи самимона байни ду тараф шуданд.

Ба гузориши хабаргузории «Форс», ба ибтикори сокинон ва полиси Қирғизистон, дидори ришсафедони рустоҳои марзии ин кишвар ва Қирғизистон дар чорроҳи деҳаи Сомониёни Тоҷикистон, ки 27 - 28 январ маҳалли даргириҳои хунин байни ду тараф буд, баргузор шуд.

Тӯли марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр аст, ки пас аз ду даҳаи музокироти мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҳалли ихтилофоти марзии ду кишвар то кунун 520 километр аз марзи ду кишвар аломатгузорӣ шудааст, ки ин мавзуи даргирии сокинони манотиқи ду сӯи марзро дар пай дорад.

Охирин даргирии мусаллаҳона 27 январ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон сурат гирифт, ки бар асари он теъдоде аз ду тараф захмӣ ва 2 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд.