Сабаби пӯшиш надодани ҳаводиси ахири марз ва таҳаввулоти Бадахшон дар телевизионҳои Тоҷикистон
Раиси Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон сабаби пӯшиш надодани даргириҳои ахири марзӣ бо Қирғизистон ва ҳаводиси вилояти Бадахшонро тавзеҳ дод.
Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, Нуриддин Саид дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ мунъакискунандаи сиёсати давлатӣ мебошанд ва аз пахши ахборе, ки боиси ташвиши афкори умумӣ мегардад, худдорӣ мекунанд.
Зеро сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ҳифзи ваҳдати миллӣ, ҷилавгирӣ аз ихтилофот дар ҷомеа ва сиёнат аз суботу амнияти кишвар мебошад ва ба ин далел дар мавриди чунин иттифоқот танҳо ахбори расмӣ пахш хоҳад шуд.
Вай дар бораи дархости намояндагони ҷомеаи мадании Бадахшон барои ихтисоси вақт дар телевизиони маҳаллии ин минтақа ба манзури баёни дидгоҳи онон дар мавриди ҳаводиси шаҳри Хоруғ низ гуфт: Мо барои баёни чунин дидгоҳе, ки муғойир бо манофеи миллии кишвар мебошад, вақт нахоҳем дод.