Феврал 11, 2022 15:02 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раисӣ

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми табрикие чиҳилусеюмин солгарди пирӯзии инқилоби исломии мардуми Эрон гуфт: Мо хоҳони густариши беш аз пеши равобит дар арсаҳои мухталиф ба нафъи мардумонамон, бо назардошти рӯҳияи ҳусни тафоҳум ва эътимод ҳастем.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикии солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон ба оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ гуфтааст: Ба ҷаноби олӣ ва мардуми Ҷумҳурии исломии Эрон, аз тарафи худ, давлат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати солгарди ҷашни миллӣ самимона табрику таҳният арз мекунам.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дод: Зимни изҳори ризоият аз дастовардҳои қобили тавваҷуҳ дар ҳамкориҳои густардаи ду кишвар, мо хоҳони густариши беш аз пеши равобит дар арсаҳои мухталиф ба нафъи мардуми ду кишвар, бо назардошти рӯҳияи ҳусни тафоҳум ва эътимод ҳастем ва идомаи талошҳои тарафҳоро дар ин росто, аз ҷумла дар заминаи гуфтугӯҳои пайвастаи сатҳи олӣ муҳим арзёбӣ мекунем.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин паём хотирнишон кард, итминон дорам, ки бо азму ирода ва саъю иқдомоти созандаи муштарак, зарфиятҳои мавҷуд ҷиҳати тавсеаи равобити Тоҷикистон ва Эрон дар ҳамаи ҳавзаҳои мавриди таваҷҷуҳ, дар оянда низ мавриди истифодаи самарабахш қарор хоҳад гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон бо таҷдиди табрикоти худ, аз Худованди мутаол барои раиси Ҷумҳурии исломии Эрон саломатии комил ва тавфиқу комёбиҳои фаровон ва барои мардуми Эрон, ки «дӯсти мардуми Тоҷикистон» хонд, сулҳу субот, беҳрузӣ, пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзӯ кард.

 

Барчасп