Феврал 11, 2022 19:59 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мизони тиҷорати мутақобили Эрон ва Тоҷикистон

Тоҷикистон ва Эрон мизони тиҷорати мутақобилро ба 500 миллион доллар афзоиш медиҳанд.

Тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон дар соли гузаштаи мелодӣ ба 121 миллион доллар расид, ки ин мизони нисбат ба соли 2020 ду баробар бештар аст.

Ин матлаб дар дидори Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бо Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон баён шуд.

Тарафайн дар ин мулоқот тавофуқ карданд, ки аз фурсатҳои мавҷуд барои афзоиши тиҷорати дуҷониба то сақфи 500 миллион доллар ва эҷоди сармоягузории муштарак дар Манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон истифода кунанд.