Феврал 12, 2022 12:16 Asia/Dushanbe
  • 210 миллиондоллар сармоягузории Чин дар соли 2021 дар иқтисоди Тоҷикистон

Чин дар соли 2021 бо сармоягузории 220 миллиондоллар дар иқтисоди Тоҷикистон дар ин замина ҷойгоҳи нахустро ба худ ихтисос дод.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, мақомоти иқтисодии Тоҷикистон эълом карданд, ки дар радаҳои баъдии сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2021,  Туркия бо 25 миллиондоллар, Швейтсария бо 21 миллиондоллар,Фаронса бо 19 миллиондоллар, Қибрис бо 10 миллиондоллар а Англия бо 6 миллиондоллар воқеъ шудаанд.

Дар соли 2021 мизони ҷазби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба 700 миллиондоллар расид, ки дар муқоиса бо соли қабл 280 миллиондоллар бештар мебошад.

Аз ҳисоби ин манобеи молӣ дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 78 тарҳ ба арзиши молии 3 миллиарду 700 миллиондоллар дар дасти иҷро аст, ки ба бахшҳои маодин, саноати табдилӣ, сохти корхонаҳои бофандагӣ ва сохтумонсозӣ муртабит мебошад.

Гуфта мешавад, ки бахши умдаи сармоягузории кишварҳои хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ройгон аст.

Бештар бихонед:

Барчасп