Бакоргирии 500 тоҷик дар Туркия
Туркия 500 тоҷикро барои кор дар меҳмонхонаҳо истихдом мекунад .
Муовини вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз истихдоми 500 тоҷик барои фаъолият дар меҳмонхонаҳои Туркия хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник,Нуруллоҳ Муҳаммадуллоҳзода гуфт : Ин вазоратхона бо ширкатҳои хадамоти гардишгарии Туркия дар бораи ҷазби 500 тоҷик тавофуқ кардааст .
Вай афзуд : Аммо шарти истихдоми ин афрод донистани забони русӣ ва сини зери 40 сол аст .
Ба далели сафари миллионҳо гардишгари русӣ ба Туркия дар сол акнун ширкатҳои хадамоти ҷаҳонгардии ин кишвар ба мутарҷимони забони русӣ ниёз доранд, ки ба ин манзур 500 тоҷик ҷазб хоҳад шуд .
Ба гуфтаи мақомоти Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон бар асоси қарододи расмӣ дар Канада, Кореяи ҷанубӣ ва бархе аз давлатҳои аврупоӣ беш аз 10 ҳазор шаҳрванди тоҷик низ ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият мекунанд .