Кумаки молии Ҷопон ба Тоҷикистон
(last modified Mon, 14 Feb 2022 08:50:06 GMT )
Феврал 14, 2022 13:50 Asia/Dushanbe
  • Кумаки молии Ҷопон ба Тоҷикистон

Ҷопон барои иҷрои ду тарҳ дар Тоҷикистон 181 ҳазор доллар ихтисос дод.

Давлати Ҷопон барои сохти як мактаб ва бозсозии корхонаи тавлиди протез дар Тоҷикистон 181 ҳазор доллар ихтисос дод.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, маросими имзои ин тафоҳумнома бо ҳузури сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ва мақомоти вазоратхонаҳои тандурустӣ ва маориф ва илми Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гуфтаи сафири ҷопон дар Душанбе 90 ҳазору 600 доллар барои сохти мактаби ҷадид дар ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ, дар вилояти Суғд харҷ хоҳад шуд.

Ӯ гуфт, ҳамчунин 90 ҳазору 400 доллар барои бозсозӣ ва таҷҳизи корхонаи тавлиди протез дар вилояти кӯҳистони Бадахшон ихтисос дода мешавад.

Гуфта мешавад, ки ин корхона танҳо маркази тавлидии фаъол дар вилояти Бадахшон аст, ки солона беш аз 3 ҳазор нафар аз хадамоти он баҳраманд мешаванд.

 

Бештар бихонед: