Тоҷикистон ва Қирғизистон ихтилофоти марзиро бедуни мудохилаи ҷониби севвум ҳал мекунанд
Нахуствазири Қирғизистон эълом кард, ки раисони ҷумҳурии ин кишвар ва Тоҷикистон тасмим гирифтанд мавзуъи ихтилофоти марзиро бедуни мушорикат додани ҷониби севвум ҳалу фасл кунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Оқилбек Ҷаборов дар нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфт, ки бар асоси тасмими Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Ҷаборов раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон гуруҳҳои нақшабардории ду кишвар музокирот дар заминаи аломатгузории марзи муштаракро оғоз карданд.
Вай таъкид кард, ки ин тасмим дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Ҷаборов дар ҳошияи нишасти маросими ифтитоҳияи бозиҳои улампики зимистонаи Чин гирифта шуд ва тарафҳо эълом карданд, ки дар ин баҳс ҷониби севвум мушорикат дода нахоҳад шуд.
Қаблан дабири кулли Созмони паймони амнияти ҷамъи барои кумак ба ҳали ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизстон ибрози омодагӣ карда буд.
Дар ҳоли ҳозир аз 976 километри марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар пайи наздик ба се даҳҳа музокироти ду кишвар танҳо бар сари аломатгузории 519 километр тавофуқ шуда аст.
27 январи соли ҷорӣ даргирӣ дар марзҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон рух дод, ки мунҷар ба кушта шудани ду сокини ноҳияи Исфара ва захми шудани 10 нафар гардид, ки 6 тани аз он низомӣ мебошанд.
Тарафи қирғизистонӣ эълом кард, ки бар асари ин ҳодиса 14 низомии ин кишвар захмӣ шуданд.
Бештар бихонед: