Ноябр 19, 2016 10:22 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти се узви тоҷикистонии Ҳизб-ут-таҳрир ба зиндон

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд 3 нафар аз сокинони ин минтақаро ба иттиҳоми узвият дар Ҳизб-ут-таҳрир, ҳизби фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон ба зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сойти “Азиа плюс”, Боҳир Зоирзода, додраси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфтааст, ки ду тан аз ин 3 нафар қаблан низ ба иттиҳоми таблиғи афкори Ҳизб-ут-таҳрир ба зиндон маҳкум шуда будаанд. Ин додгоҳ Абдуҷалил Юсуфови 47-соларо, ки дар соли 2009 ба иттиҳоми мушобеҳ ба зиндон маҳкум ва бо поёни муддати маҳкумияташ озод шуда буд, ба далели идомаи фаъолият дар ин созмони ифротӣ ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Ин додгоҳ ҳамчунин Насруллоҳ Қодировро, ки пеш аз ин барои таблиғи андешаҳои Ҳизб-ут-таҳрир 10 сол дар зиндон ба сар бурда буд, бори дигар ба 2 соли зиндон маҳкум кард. Ҳамчунин Анвар Аббосов ба иттиҳоми иттилоъ надодан аз фаъолияти аъзои Ҳизб-ут-таҳрир ба мақомоти интизомӣ ба як солу ду моҳи зиндон маҳкум шудааст.

Фаъолияти Ҳизб-ут-таҳрир дар қаламрави Тоҷикистон аз соли 2001, бар асоси ҳукми Додгоҳ Олии ин кишвар, мамнуъ шудааст.  Дар соли 2008 мақомоти додгоҳии Тоҷикистон номи ин гурӯҳро дар феҳристи созмонҳои ифротӣ қарор дода, то ба ҳол садҳо нафар аз масъулону аъзои ин созмон боздошт ва ба зиндон маҳкум шудаанд.

 

Барчасп