Намоишномаи "Фирдавси”-и Тоҷикистон дар Машҳад
Ҳунармандони тоҷик намоиши Фирдавсиро дар Машҳад иҷро карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, гуруҳи театрӣ аз ҳунармандони тоҷикистонӣ ба даъвати Идораи кулли фарҳангу иршоди исломӣ ва Анҷумани ҳунарҳои намойишии Хуросони разавӣ асри чаҳоршанбе асари намоишии Фирдавсиро дар театри шаҳри Машҳад иҷро карданд .
Раиси анҷумани ҳунарҳои намойишии Хуросони разавӣ дар ин бора гуфт : Ду гуруҳи театрии 34 нафара аз кишвари Тоҷикистон, ки меҳмони вижаи чиҳилумин ҷашнвораи театри Фаҷр дар Теҳрон буданд, дар сафари дурӯза ба Машҳад сафар карданд .
Карими Ҷашнӣ афзуд : Ин ду гуруҳ ду асари намойишӣ бо унвонҳои " Фирдавсӣ " ва " Лаъли Бадахшон "-ро барои иҷро дар Теҳрон омода карда буданд, ки сафари онон ба Машҳад баҳонае шуд, то аз гуруҳи намоиши Фирдавсӣ хоста шавад театре дар Машҳад иҷро кунанд .
Раиси Анҷумани ҳунарҳои намойишии Хуросони разавӣ гуфт : Асари намоишии Фирдавсӣ ба мавзӯи зиндагии ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ мепардозад. Коргардони ин асар Султон Усмонов ва нависандаи он Сотим Улуғзода аст.
Ҷашнӣ изофа кард : Дар иҷрои намоиши Фирдавсӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон, мушовири олии муовинати фарҳангӣ – иҷтимои шаҳрдории Машҳад, мудири куллу муовини ҳунарии идораи кулли фарҳангу иршоди исломии Хуросони разавӣ ва намояндаи Вазорати умури хориҷа дар шимоли шарқи кишвар ҳузур доштанд.