Супурдани таҷҳизоти вижа барои шиносоии маводи ҳастаии Тоҷикистон
(last modified Sun, 20 Feb 2022 05:54:11 GMT )
Феврал 20, 2022 10:54 Asia/Dushanbe
  • Супурдани таҷҳизоти вижа барои шиносоии маводи ҳастаии Тоҷикистон

Дар маросиме ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҷҳизоти вижаи кашфи маводи ҳастаӣ ва радиоактивӣ супурда шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, ин таҷҳизот шомили худрави вижаи муҷаҳҳаз ба сомонаи кашф ва шиносоиии маводи ҳастаӣ ва радиоактивӣ мешавад.
Ин сомонаро Вазорати энержии Амрико барои истифодаи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон эҳдо кард .
Ин маҷмӯъа, ки даҳҳо миллион доллар арзиш дорад, шомили либоси ҳифозатӣ, дастгоҳҳои вижа барои амалиёт дар манотиқи куҳистонӣ, таҷҳизоти минрубӣ, дурбинҳои дид дар шаб, фиристандаҳои истгоҳҳои радиоӣ, худравҳои низомии вижаи дорои таҷҳизоти ҳассос барои ташхиси интиқоли ғайриқонунии маводи ҳастаӣ ва радиоактивӣ аст .