Хабарнигори “Садои Хуросон” бошед
(last modified Sat, 19 Nov 2016 07:59:46 GMT )
Ноябр 19, 2016 12:59 Asia/Dushanbe
  • Хабарнигори “Садои Хуросон” бошед

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз ин пас дар ҳар нуқтае, ки зиндагӣ мекунанд, хабарнигори мардумии радиои “Садои Хуросон” бошанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ва шунавандагони радиои “Садои Хуросон” метавонанд фақат бо истифода аз телефонҳои ҳамроҳи худ ба “Бошгоҳи шаҳрванд-хабарнигор”- и ин радио бипайванданд. Алоқамандон ба узвият дар “Бошгоҳи шаҳрванд-хабарнигор”-и радиои тоҷикии “Садои Хуросон" метавонанд аксу филмҳои худро, аз қабили намоҳои шаҳр, ҳаводис, атрофу манзараҳои зебои Тоҷикистон барои мо ирсол ва ҷоиза дарёфт кунанд. Радиои тоҷикии “Садои Хуросон” омодааст, тасвирҳои ирсолнамудаи хабарнигорони мардумии худро аз тариқи шумораи телефони +989358756735, аз тариқи шабакаҳои маҷозии “Imo”, “WhatsApp”, “Telegram” ва низ почтаи электронии “[email protected]” дарёфту мунташир кунад.