Тарки шуғл кардани ҳудуди 3 ҳазор корманди давлат, соли 2021 дар Тоҷикистон
Феврал 20, 2022 17:59 Asia/Dushanbe
Мудири Ожонси давлатии истихдомӣ Тоҷикистон аз тарки шуғли 3 ҳазор корманд хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ожонси давлатии истихдомии Тоҷикистон, Ҷумъа Давлат гуфт: Ин теъдод шомили афроди барканор шуда намешавад.
Вай таъкид кард ин мизон дар соли 2020 наздик ба 1 ҳазору 431 нафар буд.
- Аммо Фозилҷон Фатҳулоев коршиноси мустақили тоҷик муътақид аст далели аслии тарки шуғли кормандони ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон ҳуқуқи поён, набуди бимаи таъмини иҷтимоъӣ ва имтиёзоти молӣ аст.
- Вай гуфт: Зеро дар Тоҷикистон ҳуқуқи моҳонаи кормандони давлат байни 1300 сомонӣ то 1400 сомонӣ аст, ки дар шароити густариши корона ва афзиши нархи маводи ғизоӣ бисёр андак аст, аз ин рӯ бештари афрод ё бояд ба тиҷорат машғул шаванд ва ё барои кор ба Русия бираванд.
Барчасп