Феврал 20, 2022 21:14 Asia/Dushanbe
  • Баррасии содироти хушкбори Тоҷикистон ба Дубай

Раиси утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон аз баррасии мавзӯъи содироти хушкбор ва гавҳарсангҳои ин кишвар ба Аморати Муттаҳидаи Арабӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Ҷамшед Ҷумъаи Хонзода гуфт, ки дар ҳошияи намоишгоҳи байналмиллалии Экспои Дубай бо Аморот дар бораи содироти хушкбор ва гавҳарсанҳои ду ширкати тоҷикистонӣ ба Дубай тавофуқ шуд.

Вай таъкид кард, ки далели истиқболи боздидкунандагон ва бахши хусусии Аморот аз хушкбори кишоварзони ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва гавҳарсангҳои ширкати "Асрорсанг"  музокироте барои содироти ин ду маҳсул ба Аморот анҷом шуд. Акнун ин ду ширкати тоҷикистонӣ муҷоввизи содироти анвоъи зардолу ва гавҳарсангҳо ба Дубайро ба даст оварданд.

Фулод Ашӯров мудири ширкати "Зардолу" гуфт, ки илова бар содироти хушкбори ин ширкат ба Русия, Қазоқистон, Чин, Англия, Латвия ва Литва заминаи дар ихтиёри муштариёни аморотӣ қарор додани маҳсулот фароҳам шуда аст.

 

Барчасп