Дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон бо муовини мудири Ширкати байналмилалии сармоягузорӣ
(last modified Mon, 21 Feb 2022 05:28:32 GMT )
Феврал 21, 2022 10:28 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон бо муовини мудири Ширкати байналмилалии сармоягузорӣ

Дар дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон ва муовини мудири Ширкати байналмилалии сармоягузорӣ, роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуд.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Георгина Бейкер роҷеъ ба сатҳи феълии ҳамкориҳои дуҷониба ва дурнамои равобити Душанбе бо ин ниҳоди молӣ баҳсу табодули назар шуд.

Тарафҳо мавзӯи ҳимояти молии ширкати байналмилалии сармоягузорӣ аз фаъолияти бахши хусӯсӣ, эътои тасҳилоти молӣ, зарурати ислоҳот дар низоми молиётӣ ва коҳиши баҳраи вомҳои бонкӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Ҳимояти молии Ширкати байналмилалии сармоягузорӣ аз фаъолияти бахши хусӯсӣ, эътои тасҳилоти молӣ ба фаъолони ин бахш, зарурати ислоҳот дар низоми молиётӣ ва иштиғоли занон дар Тоҷикистон аз дигар мавзӯоти баррасӣ шуда дар ин дидор буд.

Ширкати байналмилалии сармоягузорӣ барои ҳимоят аз фаъолияти бахши хусӯсии Тоҷикистон ва рушди тиҷорати мутавассит ва хурд ба ин кишвар даҳҳои миллиондоллар кумаки молӣ кардааст.