Феврал 21, 2022 10:50 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши таваллуд дар Тоҷикистон

Мақомоти Вазорати адлия ва Кумитаи давлатӣ ва умури занон ва хонаводаи Тоҷикистон аз коҳиши мизони таваллуд тайи 30 соли ахир хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, дар соли 2021 дар Тоҷикистон 218 ҳазор кӯдак таваллуд шудааст, ки дар соли 2020 ин мизон 240 ҳазор нафар буд.

Ин дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон тайи 30 соли ахир болотарин рушди ҷамъият дар миёни кишварҳои узви ИДМ-ро ба худ ихтисос дод.

Мақомоти  давлатӣ мегӯянд, коҳиши таваллуд дар соли 2020 ношӣ аз шуюи бемории Ковид 19 буда, ки вазъи маъишатии хонаводҳоро ба шиддат таҳти таъсир қарор додааст .

Аммо Валерий Елизаров, устоди Донишгоҳи давлатии Маскав ва коршиноси умури ҷамъит муътақид аст: Дар сурати идомаи раванди коҳиши таваллуд дар оянда, Тоҷикистон бо мушкилоти пур шудани сокинон, афзоиши теъдоди бознишастагон ва боло рафтани ҳазинаҳои таъмини иҷтимоӣ рӯба рӯ хоҳад шуд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп