Феврал 21, 2022 20:05 Asia/Dushanbe
  • Тағирот дар Вазорати маъориф ва илм ва теъдоде аз ниҳодҳои Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои фармонҳое вазири маъориф ва илм, муовинони вай, Мудири маркази миллии имтиҳонот ва теъдоде аз мақомоти Кумитаи давлатии ҷавонон ва варзиш, Палатаи ҳисоб ва Ожонси давлатии мубориза бо маводи мухадирро барканор ва афроди дигарро ба ин симатҳо таъин кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуъоти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи душанбе 21 феврали соли ҷорӣ мунташир шуд, Муҳаммадюсуф Эмомзода вазири маъориф ва илм, муовинони вай, Шоҳин Сайдзода мудири идораи назорат бар фаъолиятҳои Вазорати маъориф ва илм дар ниҳоди раёсати Ҷумҳурӣ ва теъдоде аз мақомоти Кумитаи давлати ҷавонон ва варзиш, Палатаи ҳисоб ва Ожонси давлатии мубориза бо маводи мухадир барканор шуданд.

Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон акнун Раҳим Сайдзода дар симати вазири маъориф ва илм, Ҷамшед Ҷуразода муовини аввал, Шукруллоҳ Хайрзода ва хонум Латифа Абдулхолиқзода дар мақоми муовинони вазир фаъолият хоҳанд кард.

Ҳамчунин Хуршед Икромӣ аз симати мудири Маркази миллии имтиҳонот барканор ва Сабзаалӣ Ҷамшедзода ҷонишини вай дар ин мақом таъин шуда аст.

Бар асоси фармонҳои дигари Эмомалӣ Раҳмон, се муовини нави Кумитаи давлатии ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон таъин шуданд.

 

Барчасп