Феврал 21, 2022 21:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои дур аз ИДМ бештар шуд

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз бештар шудани ҳаҷми муъомилоти тиҷоратии ин кишвар бо хориҷи дур дар муқоиса бо ИДМ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар соли 2021 барои бори нахуст ҳаҷми муъомилоти тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷи дур ба 3 миллиарду 239 миллион доллар расид, ки баробар бо 50 дарсад аз кулли мубодилоти тиҷоратии ин кишвар мебошад.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳаҷми муъомилоти тиҷоратии Тоҷикистон дар соли 2021 бо кишварҳои узви ИДМ 3 миллиарду 120 миллиону 100 ҳазор долларро ташкил карда аст.

Беш аз 41 дарсад аз ҳаҷми маҳсулоти содиротии Тоҷикистонро дар соли 2021 фулузоти рангӣ ва гавҳарсангҳо ташкил дода аст.

Ҳамчунин содироти нахи пахта, симент ва алюминий дар соли 2021 афзоиш ёфта аст.

Аз сӯи дигар содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2021 ба беш аз 208 ҳазор тонна расид, ки дар муқоиса бо соли қабл афзиши 80 дарсадиро нишон медиҳад.

Мақсади аслии содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар соли 2021 Русия, Чин, ва кишварҳои аврупоӣ буданд.

 

Барчасп