Таъкид бар густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Эрон ва Тоҷикистон
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва раиси утоқи бозаргонии ин кишвар дар бораи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии дуҷониба дидору гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадтақии Собирӣ, дар фазои маҷозӣ навишт: Дар дидор бо Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси утоқи бозрагонии Ҷумҳруии Тоҷикистон дар бораи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрон ва Тоҷикистон табодули назар карда аст.
Сабирӣ ҳамчунин афзуд: Бо раиси утоқи бозаргонии Тоҷикистон дар бораи баргузории шашумин намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки қарор аст 26 феврал то аввали март бо ҳузури 50 ширкати эронӣ дар заминаҳои саноати маводи ғизоӣ, фӯлод, петрошимӣ, масолеҳи сохтмонӣ, лавозими хонагӣ, таҷҳизоти саноатӣ ва кишоварзӣ, саноеъи электрикӣ, мухобиротӣ, таҷҳизоти пизишкӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, гуфтугӯ карда аст.
Сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сентиябри 2021 ки бо истиқболи гарми мақомоти давлатии Тоҷикистон ру ба ру шуд, нуқтаи атф ва оғози фасли навин дар ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Теҳрон ва Душанбе аст. Дар ин сафар 8 санади ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои мухталиф байни Эрон ва Тоҷикистон ба имзо расид, ки бо иҷрои онҳо таҳавуллоти хуб дар равобити ду кишвар эҷод шуд.