Роҳандозии хатсайри ҷадиди ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон
Хатсайри ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон роҳандозӣ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, ин хати ҷадиди автобусронӣ дар масири вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Фарғонаи Узбакистон мусофиронро ҷо ба ҷо хоҳад кард.
Замони ҳаракат дар ин масир 3 соат эълом шуд ва нархи билет барои ҳар мусофир 104 сомонӣ аст.
Қаблан дар пайи густариши вируси корона рафту омади автобусҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон мутавақиф шуда буд, ки аз тирамоҳи соли 2021 ҳаракати ин васоили нақлиётӣ миёни шаҳри Хуҷанд ба Тошканд аз сар гирифта шуд.
Талошҳо барои азсаргирии ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ба Тирмиз ва Панҷакент ба Самарқанд низ оғоз шуда аст.