Баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
Панҷумин нишасти комисюни байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, ин нишаст ба раёсати Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Инъом Каримов, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Ҳар ду тараф дар ин нишаст роҷеъ ба сатҳи феълӣ ва дурнамоӣ рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баҳсу табодули назар карданд.
Дар поёни ин нишаст тарафҳо тавофуқоте дар заминаи таъсиси корхонаҳои муштарак, паркҳои илму фановарӣ, ҷазби сармояи бахши хусусии Озарбойҷон дар иқтисоди Тоҷикистон ва воридоти сӯхт аз ин кишвар ба Тоҷикистон имзо карданд.
Арзиши муъомилоти тиҷоратии ду кишвар дар соли 2021 фақат 6 миллиону 100 ҳазор доллар буд.
Бештар бихонед:
- Мушорикати ҷумҳурии Озарбойҷон дар бунёди ширкат дар Тоҷикистон
- Ирсоли 40 ҳазор доза ваксинаи корона аз ҷумҳурии Озарбойҷон ба Тоҷикистон