Гуфтугӯи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо меҳварияти тавсеаи равобит
Муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва сафири Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши “Форс”, Шараф Шерализода, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Валид Абдурраҳмон Аррашидон, сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе мулоқот карданд.
Дар ин дидор тарафайн дар мавриди равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, омӯзишӣ ва гардишгарӣ табодули назар ва бар зарурати густариши ҳамкории муштарак ва афзоиши мубодилаи тиҷорӣ ва сармоягузорӣ байни ду кишвар таъкид карданд.
Дар ҷараёни ин музокирот раванди омодагӣ ба иҷлоси ояндаи Комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ, фаннӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Иҷлоси ояндаи Комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ, фаннӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ қарор аст дар соли ҷории мелодӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.