Феврал 26, 2022 19:22 Asia/Dushanbe
  • Шашумин намойшгоҳи ихтисосии Эрон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд

Шашумин намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар Тоҷикистон бо ҳузури мақомоти ду кишвар, сафирон ва дипломатҳои хориҷӣ ва мушорикати беш аз 80 ширкати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маҳали Кохи Борбад дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, дар маросиме шашумин намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар Тоҷикистон бо ҳузури мақомоти ду кишвар сафирон ва дипломатҳои хориҷӣ ва мушорикати 80 ширкати тавлидии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маҳали Кохи Борбад дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд.

Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси утоқи тиҷоратӣ ва саноати Тоҷикистон зимни ифтитоҳи ин намоишгоҳ аз ҳузури сафири Эрон ва устондори Хуросони Разавӣ ва ҳамчунин масъулони ширкатҳо ва фаъолони иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Эрон ташаккур кард.

Вай бо қадрдонӣ аз талошҳои тарафи эронӣ ба хусус сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам кардани заминаи баргузории ин намоишгоҳ, гуфт: Бедуни шак ин намоишгоҳ ба рушд ва тавсеаи маносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии байни ду кишвари дуст ва бародар кумак хоҳад кард. Хушбахтона ҳоло равобити миёни Тоҷикистон ва Эрон дар ҳамаи заминаҳо ру ба беҳбуд аст, ки аз иродаи мақомти олӣ ва ба вижа раисони Ҷумҳурии ду кишвар сарчашма гирифта аст.

Ҷумъахонзода бо баёни ин ки ҳануз аз зарфиятҳои мавҷуди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни ду кишвар истифодаи матлуб сурат нагирифта, таъкид кард: Мо алоқамандем ширкатҳо ва фаъолони иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз фурсатҳое, ки дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ дар Тоҷикистон фароҳам шуд истифода кунанд.

Вай афзуд лозим медонем зикри ин нуктаро дошта бошам, ки саноатсозии иқтисодӣ яке аз ҳадафҳои стратежикии Тоҷикистон аст, ки барои ҳамкорони хориҷӣ фурсатҳо ва мазоёи қобили таваҷҷуҳ ҷиҳати фаъолият дар заминаҳои мурбутаро дар назар гирифта аст. Умедворем бо баргузории ин намоишгоҳ фурсатҳои хубе барои таъомул ва ҳамкориҳои муштарак фароҳам хоҳад шуд.

Раиси утоқи тиҷорат ва саноати Тоҷикистон бо ишора ба ҳузури намояндагони вазоратхонаҳо ва созмонҳои марбутаи давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон ва ҳамчунин вилоятҳо, ноҳияҳо ва манотиқи иқтисодии ин кишвар дар ин маросим, афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон ба лиҳози иқтисодӣ ва саноатӣ дастовардҳои зиёде дорад, ки бахше аз он дар чорчуби ин намоишгоҳ муъаррифӣ хоҳад шуд, ки умед аст ба тақвияти иртиботот ва таъомулоти иқтисодӣ ва тиҷоратии мутақобил кумак кунад.

Ҷумъахонзода ибрози итминон кард бо баргузории ин намоишгоҳ таваҷҷуҳи тарафи эронӣ нисбат ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон низ зимни суханонронӣ дар ин маросими баргузории шашумин намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар шаҳри Душанберо, ки аввалин намоишгоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон баъд аз густариши бемории корона аст, баёнгари алоқамандии ширкатҳои эронӣ ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон тавсиф кард.

Ва сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт: Намоишгоҳи имрӯз бо мушорикати беш аз 120 нафар аз корфармоён ва мудирони беш аз 80 ширкати бузурги эронӣ баргузор мешавад. Ҷумҳурии Исломии Эрон аз зарфиятҳои болои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар заминаҳои тавлид, тиҷорат ва хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ бархурдор буда ва ширкатҳои эронӣ омодаи ҳамкорӣ ва интиқоли дониш ва фановарӣ ҷиҳати тавсеаи иқтисодӣ ва саноатии Тоҷикистон ҳастанд.

Собирӣ ҳузури густардаи намояндагони бахши хусусӣ дар ин намоишгоҳ ва баргузории нишастҳои муштараки тиҷоратӣ ва ҳошияҳои онро фурсати ғанимат барои ҳамкориҳои бахши хусусӣ ва утоқҳои бозаргонии ду кишвар донист ва таъкид кард: Бедуни тардид доир шудани ин намоишгоҳ нишондиҳандаи таваҷҷуҳи вижаи Эрон ба тақвияти равобит бо Тоҷикистон ва дар ростои иҷрои сиёсатҳои давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси тавсеаи равобит бо ҳамсоягон ва кишварҳои дусти минтақа аст. Бедуни шак тақвияти иртибототи кишварҳои минтақа дар заминаҳи мухталиф ва ба вижа дар ҳавзаи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ба коҳиши чашмгири ҳазинаи мубодилот ва таҳкими пайвандҳои милатҳои минтақа кумак хоҳад кард.

Вай нахустин сафари расмии хориҷии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар шаҳривармоҳи 1400 хуршедӣ (сентиябр) ба Тоҷикистон анҷом шуд изҳор дошт: Дар баёнияи муштараке, ки зимни ин сафар аз сӯи раисони Ҷумҳурии ду кишвари дуст ва бародар имзо шуд, бар тавсеаи равобити миёни Эрон ва Тоҷикистон дар ҳамаи заимнаҳо, ба вижа ҳавзаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва бар афзоиши мубодилоти тиҷоратии солиёна то сақфи 500 миллион евра таъкид шуд.

Сафири Эрон эълом кард, ки Ҷумҳурии Исломӣ ҳеҷ маҳдудияте ҷиҳати тавсеаи равобит дар заминаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ бо Тоҷикистон надорад.

Дар бахши поёнии маросими ифтитоҳияи ин намоишгоҳ, гурӯҳи мусиқии суннатии "Бедил" аз устони Хуросни Разавӣ баронма иҷро карданд, ки мавриди истиқболи гарми ҳозирин қарор гирифт.